Март 27, 2019 09:31 Asia/Dushanbe
  • Вогузории ду шаҳраки низомии Русия ба Тоҷикистон

Ҳукумати Русия ва Вазорати дифои ин кишвар тарҳеро омода кардаанд, ки бар асоси он ду шаҳраки низомии мутааллиқ ба пойгоҳи 201 ба артиши Тоҷикистон вогузор мешавад.

Ба гузориши сомонаи рӯзномаи русии “Известия”, ин ду шаҳрак, ки низомиёни Русия дар Тоҷикистон дигар аз инҳо истифода намекунанд, ба унвони бахше аз ҳазинаи ҳузури пойгоҳи 201 –и артиши Русия дар ин кишвар ба низомиёни тоҷик вогузор хоҳад шуд.

Яке аз ин шаҳракҳо дар шаҳри Кӯлоб, дар вилояти Хатлони Тоҷикистон воқеъ шудааст, ки низомиёни Русия аз ин марказ дар соли 2015 хориҷ шудаанд ва акнун музокира бо мақомоти Душанбе барои вогузори сохтмон, таъсисот ва таҷҳизоти он ба низомиёни тоҷик оғоз шудааст.

Ин шаҳрак шомили 3 хобгоҳи афсарон, маркази беҳдошт ва ресторан, чанд анбор, маҳди кӯдак, сохтмони мухобирот, ҳавзу таъсисоти зербиноии дигар аст.

Шаҳраки низомии дувум низ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон қарор дорад.

Наздик ба 7 ҳазору 500 низомии Русия дар қолаби пойгоҳи 201 дар шаҳраки низомии ҷануби шаҳри Душанбе мустақар ҳастанд, ки бар асоси созишномаи соли 2012, то соли 2042 дар Тоҷикистон ҳузур хоҳанд дошт. Маскав ва Душанбе тавофуқ кардаанд, ки дар сурати ҳар навъ таҳдид алайҳи амнияти Тоҷикистон, бавижа аз сӯйи гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон, низомиёни руси мустақар дар пойгоҳи низомии 201 ба кумаки артиши Тоҷикистон биёянд.

Пойгоҳи 201- и артиши Русия дар Тоҷикистон  - бузургтарин маркази нерӯи заминии русӣ дар хориҷ ба ҳисоб меояд.

 

Барчасп