Март 27, 2019 09:33 Asia/Dushanbe
  • 4 сол интизории беҳуда ба умеди хонадор шудан дар Хуҷанд

Пас аз интизории 4-сола даҳҳо хонаводаи сокини шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғд, ки бо тахриби манозили маскуниашон ба умеди истиқрор дар хонаҳои ҷадид буданд, мушаххас шудааст, ки ширкати чинии “China town” аз иҷрои ин тарҳ мунсариф шудааст.

Ба гузориши сомонаи Спутник, 32 хонаводаи шаҳри Хуҷанд 4 сол қабл бо тахриби манозили маскунии худ мувофиқат карданд, то ширкати чини “China town” барои онҳо хонаҳои ҷадиди баландошёна бисозад.

Ин хонаводаҳо ба таври муваққат ҷойи дигареро иҷора карданд, аммо акнун пас аз 4 сол маълум шуда, ки ин ширкат аз иҷрои тарҳи сохти манзилҳои ҷадид мунсариф шудааст ва хонаводаҳои саргардон намедонанд чӣ кор кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки ба онон қавл дода буданд, ки тай ду сол соҳиби хонаҳои  нав хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, ки ширкати чинии "China town" муҷрии ин тарҳ дигар вуҷуд надорад ва моликони он ба кишвари худ бозгаштаанд.

Маъруф Муҳаммадзода шаҳрдори Хуҷанд низ гуфтааст, ки ширкати чинӣ хилофи ваъда амал кардааст ва акнун бояд дар фикри пайдо кардани манобеи молӣ ва имконоте буд, то аз ҳисоби ҳукумат, барои хонаводаҳои саргардон манозили маскунии ҷадид сохта шавад.

Бо ин ҳол мушаххас нест, ки ин хонаводаҳо пас аз чанд муддат молики манозили маскунии ҷадид хоҳанд шуд.

Толиб Каримов коршиноси мустақил дар Хуҷанд мегӯяд, дар ин маврид ҳуқуқи шаҳрвандон нақз шудааст, чунки қабл аз тахриби манозили маскунии ин афрод бояд асноди ҳуқуқии сохти хонаҳои ҷадид таҳия мешуд то тазмине барои хонадор шудани онон бошад. Аммо дар ин моҷаро бидуни мурооти қонун, ба тахриби хонаҳои ин афрод иқдом карданд ва бо гузашти 4 сол ҳеҷ хабаре аз манозили ҷадид барои онон нест.