Март 30, 2019 09:26 Asia/Dushanbe
  • Муттаҳам шудани бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” ба инъикоси ғайримунсифонаи ахбори Тоҷикистон

Кафили мудирияти радиои “Озодӣ” - и Амрико, бахши тоҷикии ин радиоро ба инъикоси ғайримунсифонаи ахбори Тоҷикистон муттаҳам кард.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷвик”, хонум Дейзи Синделар гуфтааст, ки ба далели иттиҳомоти ворида ба бахши тоҷикии радиои “Озодӣ”, акнун мавзӯи фаъолияти ин радио дар дасти баррасӣ аст.

Теъдоде аз донишмандон ва рӯзноманигорони ғарбӣ аз мудирияти радиои “Озодӣ” –и Амрико дархост кардаанд, ки фаъолияти бахши тоҷикии ин радиоро, ки ба ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, нодида гирифтани манофеи мухолифон, амалкарди ғайриҳирфаӣ ва дурӣ аз асли озодии сухан муттаҳам аст, мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Гуфта мешавад, ки Вазорати умури хориҷаи Амрико дар ҳоли баррасии фаъолияти ин радио аст ва барои ин манзур як коргурӯҳи мустақил таъсис кардааст.

Ҳамчунин сомонаи интернетии “Евразия.нет” таҳқиқи худро дар бораи фаъолияти бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” мунташир карда ва муддаӣ шудааст, ки ин расона бо ҳимоят аз Ҳукумати Тоҷикистон, воқеиятҳои ин кишварро пӯшиш намедиҳад ва дар қиболи мухолифон мавзеи комилан муғризона гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки буҷаи солонаи бахши тоҷикии радиои “Озодӣ”, ки Конгресси Амрико онро таъмин мекунад, 9 миллион доллар аст.

 

Барчасп