Март 30, 2019 18:17 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими ҷашни Наврӯз дар сафорати Тоҷикистон дар Анкара

Маросими ҷашни Наврӯз бо ҳузури ҷамъе аз дипломатҳои сафоратхонаҳои муқими Туркия ба мизбонии сафорати Тоҷикистон дар Анкара баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Анатоли, Муҳаммадалӣ Раҷабиён, сафири Тоҷикистон дар Анкара зимн хушомадгӯӣ ба меҳмонони ҷашни Наврӯз изҳор дошт: Наврӯз намоди зиндагии нав ва рӯзҳои равшан баъд аз обуҳавои сарди замистон аст. Наврӯз мероси маънавии мо буда ва дар кишварамон низ ҷашн гирифта мешавад.

Вай афзуд, Наврӯз сабаби густариши сулҳ ва ваҳдат дар байни наслҳо ва хонаводаҳо дар чаҳор гӯшаи ҷаҳон мешавад ва ба танаввӯи фарҳангӣ ва дӯстии миёни мардуми ҷаҳон кумак мекунад.

Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо ишора ба сабти Наврӯз дар феҳристи мероси маънавии башарии созмони ЮНЕСКО афзуд, Наврӯз дар бисёре аз кишварҳо бо адён ва фарҳангҳои мухталиф дар масири ҷодаи таърихии Абрешим, ҷашн гирифта мешавад.

Дар поёни ин маросим мусиқии суннатӣ ва рақсҳои маҳаллии тоҷикӣ низ иҷро шуд.