Сентябр 17, 2016 09:20 Asia/Dushanbe
  • Чархиши меҳвари тиҷорати Тоҷикистон аз Аврупо ба Осиё

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон аз коҳиши 50 дарсадии ҳаҷми тиҷорати хориҷии ин кишвар бо кишварҳои аврупоӣ аз оғози имсол хабар дод.

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 8 моҳи гузашта бо 35 кишвари аврупоӣ 195 миллион доллар эълом шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл беш аз 50 дарсад коҳишро нишон медиҳад.

 Ин дар ҳолест, ки дар ин муддат ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо 31 кишвари осиёӣ бо рушди 10 дарсадӣ, ба беш аз як миллиард доллар расидааст.

Аз сӯйи дигар, мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил беш аз7 дарсад коҳиш доштааст.

 Бо ин ҳол ҳамчунон Русия ва Чин аз шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон ҳастанд.

Мизони муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва Русия дар 8 моҳи гузашта ҳудуд 600 миллион доллар эълом шудааст.

Дар ин муддат Тоҷикистон бо Чин наздик ба 620 миллион доллар муомилоти тиҷорӣ доштааст.

Дар айни ҳол ин гузориш нишон медиҳад, ки мизони муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон имсол бо Русия 10 дарсад коҳиш ва бо Чин 45 дарсад афзоиш пайдо кардааст.