Март 31, 2019 09:09 Asia/Dushanbe
  • Эътирози корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба таҳдидҳои Барқи тоҷик

Вокуниши корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки онҳо ба тасмими мақомоти ширкати давлатии Барқи тоҷик бинобар муҷозоти дастаҷамъии як маҳалла ё русто ба далели қарзи чанд нафар, эътироз доранд.

Ба гузориши сомонаи Top.tj, мақомоти ширкати давлатии Барқи тоҷик, ки наздик ба панҷ моҳ аз тавзеҳ додан дар бораи сабаби ҷирабандии барқ худдорӣ мекарданд, ахиран эълом кардаанд, ки қарзи як миллиард сомонии бахши хонагӣ сабаби маҳдудияти интиқоли барқ ба хонаҳои шаҳрвандон мешавад.

Аммо корбарони интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид мекунанд, ки таҳдиди ширкати давлатии Барқи тоҷик барои муҷозоти дастаҷамъии сокинони рустоҳо ва маҳаллаҳо нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон аст, зеро агар касе воқеан ҳам қарзи худро пардохт накунад, бояд танҳо барқи хонаи вай қатъ гардад на ин, ки русто ё маҳаллае ба ин хотир аз барқ маҳрум шавад.

Бо ин ҳол Азизи Нақибзод нависандаи тоҷик мегӯяд, ки мақомоти ширкати давлатии Барқи Тоҷик намехоҳанд дар бораи мушкилоти фаннии пешомада дар неругоҳи дар ҳоли сохти барқи обии Роғун, ки сабаби ҷирабандии барқ дар кишвар шудааст, тавзеҳ диҳанд.

Ҳамчунин корхонаи алюминийи Тоҷикистон бузургтарин қарздори Барқи тоҷик мебошад, ки дар ин маврид низ ҳарфе баён намешавад.

Аз сӯи дигар бархе коршиносон мӯътақиданд, ки қарздорони умдаи барқ дар Тоҷикистон корхонаҳо ва ширкатҳое ҳастанд, ки дар ихтиёри афроди наздик ба мақомоти ҳукуматӣ қарор доранд.

Созмонҳои молии байналмилалӣ низ борҳо ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия кардаанд, ки дар сохтори ширкати давлатии Барқи Тоҷик ислоҳоти асосӣ анҷом диҳад, аммо ин барнома амалӣ нашудааст.

Ба ғайр аз шаҳри Душанбе ва вилояти Бадахшон акнун дар аксари манотиқи Тоҷикистон танҳо ҳашт соат дар шабонарӯз ба хонаҳои мардум барқ мунтақил мешавад.