Масдуд шудани “Фейсбук” дар Тоҷикистон бо мусоҳибаи Бек Сабур иртибот дорад?
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i42814
Шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” пас аз мусоҳибаи мунташиршудаи Бек Сабур, раиси Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон масдуд шудааст ва танҳо бо истифода аз филтершиканҳо метавон ба он дастрасӣ пайдо кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 31, 2019 18:45 Asia/Dushanbe
  • Масдуд шудани “Фейсбук” дар Тоҷикистон бо мусоҳибаи Бек Сабур иртибот дорад?

Шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” пас аз мусоҳибаи мунташиршудаи Бек Сабур, раиси Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон масдуд шудааст ва танҳо бо истифода аз филтершиканҳо метавон ба он дастрасӣ пайдо кард.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Бек Сабур дар ин мусоҳиба таъкид карда буд, ки телевизион намебинад, китоб мехонад ва барои таъмини мардуми бехонаи Тоҷикистон машғули сохт ва фурӯши манозили маскунӣ мебошад. Бар асоси ин гузориш, нуктаи қобили мулоҳиза дар мусоҳибаи раиси Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон ном бурдани ӯ аз чанд китоб буд, ки иддао мекард, ахиран хондааст. Вай муддаӣ шудааст, ки осори устод Садриддин Айнӣ, поягузори адабиёти Тоҷикистон дар қарни 20, аз ҷумла "Марги судхӯр" , "Одина" ва "Арбоб камол"-ро мехонд, ки аз ҷанбаи иқтисодӣ бархурдоранд ва роҳи тиҷоратро нишон медиҳанд.

Гуфтанист, дар китобҳои ёдшуда ривоҷи нузули хорӣ дар Аморати Бухорои қарн 19 ва авзои ногувори иҷтимоии ақшори мутавассит ва фақири ҷомеа ба шиддат маҳкум шудааст.

Ин изҳори назари Бек Сабур сабаб шуд, то корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ вайро ба пайравӣ аз рафтори ношоистаи маъмурони ҳукуматӣ дар Аморати Бухоро муттаҳам кунанд, ки ба назар мерасад, ин интиқод мӯҷиби масдуд шудани “Фейсбук” дар Тоҷикистон шудааст.

Қаблан низ амалкарди Бек Сабур ба унвони раиси Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон, ки мубтакири афзоиши қимати симкортҳо, инҳисорӣ кардани хадамоти муколамоти телефони ҳамроҳ ва инак, афзоиши қимати интернет мебошад, мавриди интиқоди шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта буд.

Дар ҳоле ки бар асоси қавонини идории Тоҷикистон, мақомоти ҳукуматӣ наметавонанд ба таври ҳамзамон ба тиҷорат машғул шаванд, раиси Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон ба сохту фурӯши хона машғул аст.