Апрел 02, 2019 19:05 Asia/Dushanbe
  • Оғози муҳокимаи яке аз масъулони собиқи ҲНИТ

Наздикони Наимҷон Самиев, яке аз масъулони собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд аз оғози муҳокимаи додгоҳии вай аз рӯзи панҷуми апрел пушти дарҳои баста хабар додаанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Абду Самиев, фарзанди Наимҷон Самиев гуфтааст, ки алайҳи падараш иттиҳомҳои мушорикат дар фаъолияти гурӯҳи ифротӣ, доштани силоҳу муҳимоти ғайримуҷозро матраҳ кардаанд, ки метавонад то 15 соли маҳкумиятро дар пай дошта бошад.

Наимҷон Самиев, собиқ раиси шуъбаи вилоятии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд шоми 30-юми ноябри соли 2018 дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. Вай дар яке аз постгоҳҳои шаҳри Грозний, пойтахти Ҷумҳурии Чеченистони Русия боздошт ва сипас ба пулиси вилояти Ставропол мунтақил ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. Самиев ҳамонанди аксари фаъолони собиқ ва имрӯзаи ҲНИТ таҳти пайгарди қазоии мақомоти Тоҷикистон қарор дошт ва аз аввали соли 2015 ба таври нимапинҳонӣ дар Русия ба сар мебурд.

Наимҷон Самиев аз соли 2005 то замони мамнӯъ шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар соли 2015 узви Риёсати олӣ буда, аз соли 2008 то 2013 ба унвони раиси шуъбаи вилоятӣ ва аз соли 2013 то авоили соли 2015 ба унвони раиси бахши ноҳиявии ин ҳизб дар ноҳияи Исфара фаъолият кардааст. Вай ба далели фаъолияти густурдаи сиёсияш дар Тоҷикистон ҳанӯз қабл аз мамнӯъ шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ таҳти фишор ва таъқиби шадиди мақомот қарор гирифта, аввали соли 2015, яъне ҳашт моҳ қабл аз мамнӯъ шудани фаъолияти ҳизб маҷбур ба тарки Тоҷикистон шуд.

Наздикони Наимҷон Самиев бо интишори як паёми видеоӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дархост кардаанд, ки вайро мавриди афв қарор диҳад.