Апрел 05, 2019 19:12 Asia/Dushanbe
  • Таъхир дар баҳрабардорӣ аз турбинаи дувуми нерӯгоҳи “Роғун”

Баҳрабардорӣ аз трубинаи дувуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки қарор буд, дар моҳи апрел анҷом пазирад, ба замони дигаре мавкул шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, як манбаи огоҳ дар Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки баҳрабардорӣ аз трубинаи дувуми ин нерӯгоҳ ба таври қатъӣ ба таъхир афтода ва ба замони дигар мавкул шудааст. Бо ин ҳол, мудирияти ин нерӯгоҳ ҳозир ба тавзеҳ дар ин маврид нашудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон пеш аз ин эълом карда буд, ки трубинаи дувуми ин нерӯгоҳро моҳи апрели имсол ба баҳрабардорӣ хоҳад расонд.

Трубинаи нахусти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пас аз 40 сол аз замони оғози сохти он, 16 ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расид, вале дар авоили моҳи марти имсол фаъолияти он мутаваққиф шуд. Мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон иллати таваққуфи фаъолияти ин трубинаро фаннӣ медонанд.

Чанде қабл мақомоти Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон аз ихтисоси 226 миллион доллар аз буҷаи давлати ин кишвар барои идомаи сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” хабар доданд. Ин маблағ бидуни эҳтисоби фурӯши эҳтимолии бахши дигаре аз саҳоми молии ин нирӯгоҳ дар бозорҳои байналмилалӣ аст, ки дар соли 2017 ба 500 миллион доллар расида буд.

Нерӯгоҳи “Роғун” бо садди хокии 335-метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт-соат барқ дар сол бузургтарин тарҳи барқи обии минтақа аст. Дар сурати баҳрабардорӣ аз шаш трубинаи нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегаватт барқ дар сол аст, Тоҷикистон на танҳо аз буҳрони камбуди барқ хориҷ мешавад, балки тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад ёфт.

 Гуфта мешавад, ки сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён хоҳад расид.