Молиёти сангин дар Тоҷикистон ва оқибатҳои он
Дар раддабандии ширкати байналмилалии “Paying Taxes 2019” аз нигоҳи пардохти молиёт Тоҷикистон дар радифи 10 кишвар нахусти ҷаҳон бо молиёти сангин қарор гирифтааст, ки мӯҷиби даст кашидани фаъолони бахши хусусӣ аз кор мешавад.
Ба гузориши Топ Тҷ, ба навиштаи ин ширкат мизони молиёти пардохтӣ дар Тоҷикистон 67,3 дарсад аст, ки дар миёни кишварҳои узви Ҷомеаи ҳамсуд ва Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар аст. Ин ширкат Тоҷикистонро аз нигоҳи молиёти пардохтӣ барои тиҷорат дар раддаи 167 ҷаҳонӣ қарор додааст, ки Қирғизистон дар ҷойгоҳи 50, Қазоқистон 56 ва Узбакистон 64 воқеъ шудаанд.
Пайрав Чоршанбиев, коршиноси тоҷик мегӯяд, агар ҳар фаъоли бахши хусусӣ дар Тоҷикистон рӯзе 100 сомонӣ даромад дошта бошад, бояд 63 сомониро ба унвони молиёт пардохт ва бо 33 сомонии боқимонда қаноат кунад. Аз ин рӯ, бо эҳтисоби 18 дарсад молиёт бар арзиши афзуда, амалан ин навъ фаъолият ояндае надорад. Аз сӯи дигар Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар соли 2018 гуфта буд, ки дар ин кишвар беш аз 18 ҳазор фаъоли бахши хусусӣ фаъолияти худро қатъ кардаанд. Вай иллати ин иқдомро шадид будани рақобат миёни фаъолони бахши хусусӣ унвон мекунад. Аммо коршиносон мӯътақиданд, ки яке аз далелҳои қатъи фаъолияти ин теъдод аз фаъолони бахши хусусӣ дар Тоҷикистон молиёти сангин аст.