“Гулистони Саъдӣ” китоби соли Тоҷикистон шуд
(last modified Mon, 08 Apr 2019 08:39:51 GMT )
Апрел 08, 2019 13:39 Asia/Dushanbe
  • “Гулистони Саъдӣ” китоби соли Тоҷикистон шуд

Анҷумани фарҳангии “Боргоҳи сухан” дар Тоҷикистон, “Гулистони Саъдӣ”-ро китоби соли ин кишвар эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс , Анҷумани фарҳангии “Боргоҳи сухан” дар Тоҷикистон зимни баргузории маросиме бо ҳузури аҳли фарҳанги ин кишвар, “Гулистони Саъдӣ”-ро китоби сол эълом кард.

“Гулистони Саъдӣ” ҳамроҳ бо шарҳи он ба эҳтимоми Обид Шакурзода, пажӯҳишгари тоҷик таҳия ва дар соли 2017 аз сӯи пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ- тоҷикии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба чоп расидааст. Ба тасреҳи Шакурзода, ин китоб нашри дуввум аст, ки бар мабнои нусахи мӯътабаре аз Гулистон фароҳам шуда, барои нахустин бор матни комил ва мӯътамиде аз онро дар дастраси хонандаи тоҷик қарор додааст. Шарҳе бар ҳикоёти Гулистон аз дигар имтиёзоти ин китоб мебошад. Дар ин маросим ҳамчунин ба теъдоде аз чеҳраҳои фарҳангӣ, илмӣ ва расонаии Тоҷикистон «нишони сухан» ва ҷавоизи молии Анҷумани фарҳангии “Боргоҳи сухан” тақдим шуд.