Апрел 09, 2019 09:44 Asia/Dushanbe
  • Туркманистон ҳамчунон ба мошинҳои боркашии Тоҷикистон  иҷозаи ҳаракат намедиҳад

Мақомоти Туркманистон ҳамчунон ба мошинҳои боркашии Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар муҷавизи убур намедиҳанд ва ба дархостҳои Душанбе барои ҳалли ин мушкил посух намедиҳанд.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷик Та, мақомоти Туркманистон, ки аз оғози моҳи марти соли равон ба теъдоде аз ронандагони ин мошинҳои боркашӣ муҷаввизи ҳаракат дода буданд аз авохири ин моҳ дубора роҳи ҳаракати ин мошинҳоро бастаанд.

Аз ин ру танҳо дар гузаргоҳи Алат беш аз 40 дастгоҳ боркаш пушти марз мондаанд, аммо мақомоти туркман ба онҳо иҷозаи гузар аз марзро намедиҳанд.

Мақомоти вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон ба ронандагони тоҷик дастур додаанд, ки аз масири Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон ва Узбакистон ба кишвари худ бираванд. Аммо тули ин масир 2 ҳазору 900 километр аст, ки бо ҳазинаи изофӣ барои ронандагон ҳамроҳ аст. Ин дар ҳолест, ки масири Туркманистон бо Тоҷикистон 1 ҳазор километр аст.

Дар поёни моҳи августи 2018 низ Туркманистон дар масири убур ва мурури мошинҳои боркаши Тоҷикистон монеътарошӣ карда ва марзҳои худро барои муддати як моҳ ба руи онҳо баста буд. Аммо тамоми мошинҳои боркаши кишварҳои дигар аз ҷумла Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бидуни мумониат аз қаламрави Туркманистон убур мекунанд.

То ба имрӯз дархости ронандагони тоҷик аз мақомоти вазоратҳои умури хориҷа ва ҳамлу нақли кишварашон барои кумак ба ҳалли ин мушкил ба ҷое нарасидааст.