Сафари вазири дифои Тоҷикистон ба Исломобод
(last modified Tue, 09 Apr 2019 12:19:17 GMT )
Апрел 09, 2019 17:19 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири дифои Тоҷикистон ба Исломобод

Вазири дифои Тоҷикистон бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои низомӣ ва фаннӣ бо Покистон имрӯз ба Исломобод сафар кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дар сафари худ ба Исломобод бо мақомоти сиёсӣ ва низомии Покистон дидору гуфтугӯ мекунад.

Мақомоти низомии ду кишвар дар ин сафар масоили марбут ба ҳамкориҳои Душанбе ва Исломободро дар заминаи омӯзиши нерӯи инсонӣ, баргузории размоишҳои муштарак, табодули иттилоот ва таҷрибиёт баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳамкориҳои низомии миёни Тоҷикистону Покистон аз соли 2009 оғоз шудааст.