Талоши Тоҷикистон барои афви коргарони муҳоҷираш дар Русия
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки кашвараш барои тавофуқ бо Русия бар сари мавзӯи афви коргарони муҳоҷири тоҷики ихроҷӣ аз Русия талош хоҳад кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Сумангул Тағойзода дар нишасти Кумитаи тахассусии дифоъ аз ҳуқуқи коргарони СММ дар Женева гуфтааст, ки барои Тоҷикистон афви коргарони ихроҷии ин кишвар аз қаламрави Русия бисёр муҳим аст.
Вай таъкид кардааст, ки тарафи Тоҷикистон пешниҳодҳои худро дар ин бора ба мақомоти ҳукумати Русия ироа кардааст, ки Маскав бо ин мавзӯъ мувофиқат кунад.
Ба гуфтаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 201 ҳазору 147 нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик ба далели нақзи қонуни кор ва иқомат аз қаламрави Русия ихроҷ шудаанд ва ҳаққи вуруди дубора ба хоки Русияро надоранд.
Раиси Маҷлиси милли Тоҷикистон ҳам қаблан аз номушаххас будани сарнавишти 345 ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия хабар дода буд.
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев пас аз сафар ба Русия ва баррасии ин мавзӯъ бо мақомоти Маскав дар охирҳои соли 2018 гуфта буд, ки ба эҳтимоли зиёд ин коргарон дар панҷ соли ахир дар Русия пинҳонӣ ба сар бурда ё шаҳрвандии ин кишварро гирифтаанд.
Русия дар соли 2017 беш аз 101 ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷикистониро афв кардааст.