Сафири ҷадиди Тоҷикистон дар Эрон мансуб шуд
(last modified Wed, 10 Apr 2019 13:52:38 GMT )
Апрел 10, 2019 18:52 Asia/Dushanbe
  • Сафири ҷадиди Тоҷикистон дар Эрон мансуб шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон муовини аввали вазири умури хориҷаи ин кишварро ба симати сафири ҷадиди ин ҷумҳурӣ дар Эрон мансуб кард.

Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон тайи ҳукме Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири умури хориҷаи ин кишварро ба симати сафири ҷадиди ин ҷумҳурӣ дар Эрон мансуб кард.

Вай дар пайи поёни давраи маъмурияти Неъматулоҳ Эмомзода, сафири пешини Тоҷикистон дар Эрон дар соли 2018 ба ин симат мансуб шуд.

Қаблан Ҷумҳурии Исломии Эрон низ Муҳаммадтақии Собирӣ, муовини умури идорӣ ва молии вазири умури хориҷаи ин кишварро ба симати сафири ҷадиди худ дар Тоҷикистон мансуб кард, ки акнун дар Душанбе фаъолияти худро оғоз кардааст.

Ҳамчунин бар асоси фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ, сафири ин кишвар дар Миср аз симаташ барканор ва ба унвони муовини аввали вазири умури хориҷаи ин кишвар мансуб шудааст.

Аз сӯи дигар, Ардашер Қодирӣ ба симати сафири ҷадиди Тоҷикистон дар Малайзия мансуб шудааст.