Апрел 11, 2019 09:29 Asia/Dushanbe
  • Хайрулло Мирсаидов барои исботи бегуноҳиаш ба СММ  шикоят хоҳад кард

Адвокатҳои Хайрулло Мирсаидов рӯзноманигор ва масъули бошгоҳи Ҳозирҷавобони Тоҷикистон, ки дар соли 2018 дар ин кишвар ду бор ба зиндон маҳкум шуда буд, гуфтаанд ба дунболи исботи комили бегуноҳии вай ҳастанд.

ба нақл аз Азия-Плюс, додгоҳи шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғд, Хайруллоҳ Мирсаидов рӯзноманигор ва масъули бошгоҳи Ҳозирҷавобони  Тоҷикистонро, ки дар моҳи декабри соли 2017 ба 12 сол зиндон маҳкум ва дар августи 2018 аз зиндон ба шакли машрут озод карда буд, дубора ба 8 моҳ зиндон маҳкум кард.

Мақомоти додгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфта буданд, Мирсаидов  ба иттиҳоми тарки худсаронаи маҳалли зиндагиаш ва сарпеҷӣ аз корҳое, ки мебоист бар асоси ҳукми озодии машрут анҷом медод ба таври ғиёбӣ ба 8 моҳ зиндон маҳкум  шудааст.

Ин мақомот муддаӣ ҳастанд Мирсаидов ҳаққи тарки худсаронаи маҳалли зиндагиаш ва рафтан ба хориҷ аз Тоҷикистонро надоштааст.

Аммо Бахтиёр Насруллоҳов Адвокати Хайрулло Мирсаидов гуфтааст, ки муваккилаш акнун дар хориҷ ба сар мебарад ва додгоҳ бояд ҳукми 8 моҳ маҳкумияти зиндонро бекор кунад.

Хайрулло Мирсаидов муддаӣ аст ба вуҷуди  адолат дар Додгоҳи олии Тоҷикистон эътиқод надорад ва барои исботи  комили бегуноҳии хеш ба Шурои ҳуқуқи башари  Созмони Миллали Муттаҳид шикоят хоҳад кард.

Моҷаро замоне оғоз шуд, ки Хайрулло Мирсаидов алайҳи Олим Зоҳидзода мудири идораи ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ба мақомҳои олии кишвар ва вилояти Суғд шикоят кард. Иллат шикоят низ пардохт накардани маблағи таъиншуда барои бошгоҳи Ҳозирҷавобон ва талаби ришва унвон шуда буд. Масъули бошгоҳи Ҳозирҷавобони Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2017 ба иттиҳоми ихтилоси молӣ, ҷаъли аснод ва барангехтани танаффури мазҳабӣ боздошт шуд, ки ин иқдом эътирози созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башарӣ ва рӯзноманигоронро барангехт.

Сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбӣ дар Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо хостори озодии фаврии ин рӯноманигор ва фаоли фарҳангии тоҷик шуда ва таҳдид карда буданд, ҳукми сангини 12 сол маҳкумияти Мирсаидов бо иттиҳомоти эълом шуда ҳамхонӣ надорад. Аз ин ру додгоҳи таҷдиди назар вайро озод кард ва танҳо ба пардохти 78 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ маҳкум кард, ки ин маблағ низ пардохт шуд.