Апрел 11, 2019 09:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳафтумин ҳамоиши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад

Дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Русия дар рӯзҳои 17 ва 18 апрели соли равон дар Маскав ҳафтумин ҳамоиши ҳамкориҳои ин ду кишвар баргузор мешавад.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, дар оғози ин ҳамоиш Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон раисони ҷумҳури  Русия ва Тоҷикистон суханронӣ хоҳанд кард.

Ин ҳамоиш ба ибтикори Вазорати рушди иқтисоди Русия, Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва бо пуштибонии Сандуқи конгираи Русия баргузор хоҳад шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин нишаст, баррасии авзои феълӣ ва дурнамои рушди муносиботи Русия ва Тоҷикистон унвон шудааст.

Дар ҳошияи ҳафтумин ҳамоиши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия дар Маскав дар чандин мизигирд дар бораи роҳҳои густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, энержӣ, ҳамлу нақл, сармоягузорӣ, тиҷорат, омӯзишу парвариш ва фарҳангу гардишгарӣ баҳсу табодули назар хоҳад шуд. Роҳҳои густариши ҳамкориҳои ҷавонони Русия ва Тоҷикистон низ дар ҳамоише дар Маскав дар рӯзҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия бо ҳузури намояндагони созмонҳои ҷавонони ду кишвар баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои дидор ва гуфтугу бо Владимир Путин ҳамтои русиаш ва дигар мақомоти Русия рӯзи 17 апрели соли раавон ба Маскав меравад.