Апрел 13, 2019 20:14 Asia/Dushanbe
  • Спутник: Рейди занони сатрпӯш дар Кӯлоб

Коргурӯҳи вижаи вилояти Хатлон дар бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб бо шиори муқобила бо тақлидкунандагон аз либоси бегона, занони дорои пӯшиши исломиро бозрасӣ кардааст.

Ба гузориши Спутник, ин коргурӯҳ бо 48 зани бо ҳиҷоб гуфтугӯ карда ва аз онон хостааст, ки аз пӯшидани либос мутобиқи шариати Ислом худдорӣ кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон шоеот(овозаҳо) марбут ба ҷарима кардани бонувони бо ҳиҷобро рад ва эълом кардааст, ки бо ин афрод танҳо мусоҳиба мешавад ва ҳеҷ мабнои қонунӣ барои ҷаримаи онон вуҷуд надорад.

Дар соли 2018 низ дар шаҳри Душанбе аз тарафи Кумитаи давлатии умури занон ва хонавода, дар ва вилояти Суғд аз сӯи Идораи умури кор бо занон ва хонавода, коргурӯҳҳои вижае барои муқобила бо ҳиҷоби бонувон эҷод шуда буд, ки дар марокизи иқтисодӣ ва тиҷорӣ, бемористонҳо, мадорис ва кӯдакистонҳо, ресторанҳо ва дармонгоҳҳо алайҳи пӯшиши занон таблиғ кунанд.

Дар Тоҷикистон дар 4 соли ахир ба баҳонаи муқобила бо пӯшиши бегона барои фарҳанги миллати тоҷик, иқдомоте алайҳи пӯшиши бонувони ин кишвар иҷро ва аз ҳузури бонувони мӯҳаҷҷаба дар идорот ва созмонҳои давлатӣ, марокизи омӯзишӣ ва дармонӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҷилавгирӣ мешавад.