Вокунишҳо ба афзоиши нархи Интернет дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 15 Apr 2019 04:28:55 GMT )
Апрел 15, 2019 09:28 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳо ба афзоиши нархи Интернет дар Тоҷикистон

Афзоиши нархи Интернет дар Тоҷикистон, ки қарор аст ба дастури ҳукумати ин кишвар аз ҳафтаи оянда иҷроӣ шавад, бо вокунишҳои эътирозии густурдае дар дохилу хориҷ аз ин ҷумҳурӣ рӯбарӯ шудааст.

Ба гузориши сомонаи «Азия-Плюс», бар асоси ин дастури нархи як гигабайт Интернетро 50 сомонӣ (бо андозҳояш 62 сомонӣ) дар Тоҷикистон расид, ки қаблан 30 то 35 сомонӣ буд.

Ҳамчунин нархи як дақиқаи муколимоти телефони ҳамроҳ дар тамосҳои дохилӣ ва хориҷӣ низ афзоиш ёфтааст, ки аз дидгоҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо вазъи иқтисодии мардуми Тоҷикистон созгорӣ надорад.

Бар ин асос нархи якдақиқа муколима бо кишварҳои хориҷӣ аз 1 сомониву 25 дирам то 4 сомониву 80 дирам шудааст.

Ширкати фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ "Tcell" эълом кардааст, ки бо таърифаҳои ҷадид, нархи як дақиқа муколима бо Русия, Узбакистон ва Покистон 1 сомонву 25 дирам, бо Арабистони Саудӣ 2 сомонӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, 2 сомониву 70 дирам, Арманистон, Афғонистон ва Украина 3 сомониву 50 дирам, Эрон ва Қирғизистон 3 сомонӣ, Беларус ва бо Латвия 4 сомониву 80 дирам муҳосиба хоҳад шуд.

Ҳамчунин бо иҷроӣ шудани ин дастур, нархи як дақиқа муколима телефони аз хориҷ бо Тоҷикистон ба 94 дирам (муодили 10 сент) мерасад.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон бо эътироз ба ин иқдом, пӯиши қатъи истифода аз Интернетро бо ҳадафи зарба задан ба манофеи молии дастандаркорони гаронии нархи Интернет дар ин кишвар, роҳандозӣ кардаанд.

Мубтакирони ин иқдом мӯътақиданд, ки қатъи истифода аз Интернет ба муддати як моҳ авомили дастандаркор дар гарониро водор ба таҷдиди назар дар ин иқдом хоҳад кард.

Афзоиш нархи истифода аз Интернет дар Тоҷикистон дар ҳоле эълом шудааст, ки ин кишвар оғози имсол дар раддабандии ҷаҳонии суръати Интернети телефони ҳамроҳ, яке аз чанд кишвари охири ҷаҳон буд ва мақоми 137-умро ба худ ихтисос дод.