Апрел 15, 2019 10:51 Asia/Dushanbe
  • Даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон

Дар нимашаби 13 апрел даргирии ҷадиде миёни марзбонони тоҷик ва қочоқчиёни маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон рух дод.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, бар асари ин даргирӣ як марзбони тоҷик кушта ва як марзбони дигар маҷрӯҳ шудааст.

Дар ин ҳодиса, ки дар ҳудуди посгоҳи марзии Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон рух дод, як қочоқчӣ кушта ва 3 тани дигар низ дастгир шудаанд.

Манобеи расмии Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора тавзеҳе ироа накардаанд.

Марзи наздик ба 1400 километрии Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамвора хабарсоз аст.

Ин марз, гузаргоҳи аслии қочоқи маводи мухаддири тавлидӣ дар Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия аст