Истиқболи ҷавонони суғдӣ аз намоишгоҳи донишгоҳҳои Русия дар Хуҷанд
(last modified Mon, 15 Apr 2019 08:04:30 GMT )
Апрел 15, 2019 13:04 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи ҷавонони суғдӣ аз намоишгоҳи донишгоҳҳои Русия дар Хуҷанд

Сӯбҳи рӯзи якшанбеи 14-уми апрел даҳҳо ҷавонон, умдатан хатмкунандаҳои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд ба намоишгоҳҳои байналмиллалии донишгоҳҳои Русия ба Хуҷанд омаданд, то аз ғурфаҳои донишгоҳҳои Русия дар ин шаҳр боздид кунанд.

Ба гузориши Спутник, ҷавонони зиёде аз навоҳии мухталифи вилояти  Суғд дар ин намоишгоҳ, ки дар бинои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд доир шуд, ширкат карданд.

Иддае аз коршиносон мегӯянд ин мавзӯъ, ки аксари ҷавонони тоҷик дар ҳоли ҳозир муҳоҷири корӣ дар Русия ҳастанд, ҷавонони муҳассилро водор мекунад ба фикри ояндаи худ бошанд.

Ёфтани осони кор бо мадраки Русия дар Тоҷикистон, кайфияти болои таълим дар донишгоҳҳо, омӯзиши забони русӣ ва гирифтани мақоми шаҳрвандӣ дар Русия аз авомили муҳимме ҳастанд, ки ҷавонони тоҷик, таҳсил дар донишгоҳҳои Русияро тарҷеҳ медиҳанд.

Умар Содиқов, коршиноси мустақили тоҷик мегӯяд, вақте ҷавонон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, сатҳи забономӯзии онҳо боло меравад, тахассус касб мекунанд ва имкони ёфтани кор дар идораҳои давлатӣ барояшон фароҳам мешавад. Нуктаи дигар ин аст, ки баъзе аз ҷавонон мехоҳанд хориҷ аз кишвар аз ҷумла дар Русия кору фаъолият дошта бошанд. Барои ин сафи довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Русия ҳамасола афзоиш меёбад.

Иван Иванов, роҳбари намояндагии “Россотрудничества” дар шаҳри Хуҷанд гуфт, дар намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои Русия дар Хуҷанд, 14 донишгоҳ ва донишкадаи Русия ва минтақаҳои он дар риштаҳои тарбиятбаднӣ, энержӣ ва мутолиоти иҷтимоӣ ширкат карданд, то барои довталабон, ришта(ихтисос)-ҳо ва шароити худро муаррифӣ кунанд.

Вай афзуд, намоишгоҳи донишгоҳҳои Русия дар Хуҷанд бо кумаки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва раёсати маорифи вилояти суғд баргузор шудааст.

Бино бар иттилои раёсати маорифи Суғд, дар ҳоли ҳозир беш аз 7600 донишҷӯ аз ҷавонони ин вилоят дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд. Ҳама сола то беш аз 1500 нафар барои таҳсил ба донишгоҳҳои Русия мераванд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло аз 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик, беш аз 20 ҳазори он дар донишгоҳу донишкадаҳои  Русия таҳсил мекунанд.   

Нуриддин Саид вазири илм ва маорифи Тоҷикистон дар шарҳи ин нукта иброз доштааст, ки бо чунин нишондод, Русия назар ба ҳамаи дигар давлатҳо мақоми аввал дошта ва Чин бо доштани 1500 донишҷӯ дар ҷои дуюм қарор дорад.  

Вай афзуд, “Дипломҳои Русия ва Чин  дар кишвари мо мақоми баланд доранд”.