Эътои таслиҳот ба воридкунандагони гандум дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i43098-Эътои_таслиҳот_ба_воридкунандагони_гандум_дар_Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳоди ҳукумати ин кишвар барои эътои тасҳилот(сабукӣ) ба воридкунандагони гандуму корхонаҳои ордро тасвиб кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 16, 2019 04:35 Asia/Dushanbe
  • Эътои таслиҳот ба воридкунандагони гандум дар Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳоди ҳукумати ин кишвар барои эътои тасҳилот(сабукӣ) ба воридкунандагони гандуму корхонаҳои ордро тасвиб кард.

Ба нақл аз Ка Нюз, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи бозгардондани тасҳилоти 10 дарсадӣ ба воридкунандагони гандуму корхонаҳои орди ин кишварро тасвиб кард.

Дар паи афзоиши нархи гандуми содиротии Қазоқистон барои кишварҳои узви Ҷомеъаи ҳамсуд ва афзоиши нархи орд дар дохили Тоҷикистон, ҳукумати ин кишвар маҷбур шуд, ки тасҳилоти (осонӣ) 10 дарсадӣ ба воридкунандагони гандуму корхонаҳои ордро дубора барқарор созад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар оғози соли 2019 ин сабукиро бекор кард, ки ин иқдом муҷиби афзоиши 6 дарсадии нархи ҳар кило орд дар ин кишвар шудааст.

Акнун ҳукумати Тоҷикистон ба далели қимат шудани орд ба бозгардондани ин тарифа иқдом кард. Зеро давлати Қазоқистон аз оғози соли 2019 нархи гандуми содиротии худ ба кишварҳои узви Ҷомеъаи ҳамсудро 24 аз даҳ 6  дарсад афзоиш дода, ки муҷиби гарон шудани орд дар Тоҷикистон шудааст. Аз сӯи дигар тавлиди гандум дар Тоҷикистон дар соли 2018 наздик ба 15 дарсад коҳиш ёфт.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз Қазоқистон дар ду моҳи нахусти имсол наздик ба 200 ҳазор тон гандум ба арзиши молии 37 миллион доллар ворид карда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш аз нигоҳи вазн 90 дарсад ва аз дидгоҳи молӣ 8 аз даҳ 4 дарсад бештар аст.

Тоҷикистон 90 драсади орду гандуми мавриди ниёзи худро  бо воридот аз Қазоқистон таъмин мекунад.