Апрел 16, 2019 16:49 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон ба Русия рафт

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар сафари расмӣ озими Маскав шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар сафари худ ба Маскав бо ҳамтои русаш Путин дидор хоҳад кард ва тавофуқномаву қарордодҳое дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла дар заминаи гардишгарӣ ва муҳоҷират ба имзои мақомоти ду кишвар хоҳад расид.

Дастёри раисҷумҳур дар умури сиёсати хориҷӣ, вазирони тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорат, дороӣ, кишоварзӣ, омӯзишу парвариш, кор, муҳоҷират ва иштиғол, захоири об ва энержӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳамчунин фармондори вилояти Суғд, раисони Ожонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, Академияи улум, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Хадамоти гумрук ҳамроҳи шумори дигаре аз мақомоти Тоҷикистон дар ин сафар ҳузур доранд.

 

Барчасп