Апрел 16, 2019 17:04 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти ҳамкориҳои Душанбе ва Бухарест дар сафари Муҳриддин ба Руминия

Вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Руминия дар Бухарест бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар сафар ба Бухарест, пойтахти Руминия бо Теодор Мелешкану, вазири умури хориҷии ин кишвар дидор кард. Ду тараф дар ин дидор дар бораи ҳамкории дуҷониба ва чандҷонибаи Душанбе ва Бухарест дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баҳсу табодул назар карданд.

Image Caption

 

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар сафар ба Руминия ҳамчунин дар конфронси «Роҳбурди ҷадиди Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барои тавсеаи пойдор» ширкат ва суханронӣ кард. Муҳриддин дар суханони худ бар зарурати ҳамкории мутақобили кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо таъкид кард ва гуфт, ин ҳамкориҳо дар тақвияти зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва энержии кишварҳои Осиёи Марказӣ, беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва таъмини тавсеаи пойдори ин минтақа муассир аст.

 

Барчасп