Норозигии чор нафар аз намояндагони Парлумони Тоҷикистон аз афзоиши қимати интернет
(last modified Wed, 17 Apr 2019 10:14:29 GMT )
Апрел 17, 2019 15:14 Asia/Dushanbe
  • Норозигии чор нафар аз намояндагони Парлумони Тоҷикистон аз афзоиши қимати интернет

Чор нафар аз намояндагони Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон мухолифати худро бо афзоиши қимати интернет дар ин кишвар эълом карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз TopTj, раисони се ҳизби сиёсӣ ва намояндаи Ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин иқдом ба зиёни манофеи мардум ва баваижа коргарони муҳоҷири тоҷик дар хориҷ аст.

Сайидҷаъфар Усмонзода раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси қонунгузории ин кишвар мӯътақид аст, ки агар ҳадафи ин тарҳ афзоиши молиёти пардохтӣ ба буҷаи ҳукумат бошад, нодуруст аст, зеро бо манофеи аксари мардум созгорӣ надорад.

Олимҷон Бобоев раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва намояндаи Пралумони ин кишвар низ гуфтааст, ки дар бахшҳои зербиноӣ назири мухобирот ва ва иртиботот ин навъ афзоиши қимат набояд сурат гирад, чаро ки ба фаъолияти соири зерсохтҳо таъсири манфӣ хоҳад гузошт.

Ҳамчунин Хайруллоҳ Асозода намояндаи Ҳизби ҳокими халқи декмократӣ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ки Маҷлиси намояндагон барои дифоъ аз манофеи мардум дар баробари иқдомоти ҳукумат кӯтоҳӣ намекунад ва ӯ бо масъулони ҳукумат ин мавзӯъро баррасӣ хоҳад кард.

Аз сӯи дигар Абуҳалим Ғаффоров раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар Маҷлиси қонунгузории ин кишвар гуфтааст, ки ин иқдом ба зиёни қишрҳои камдаромади ҷомеаи Тоҷикистон тамом хоҳад шуд ва бори сангини ҳазинаи истифода аз интернет бар дӯши коргарони муҳоҷири тоҷик хоҳад буд, зеро интернет танҳо василаи тамоси онон аз хориҷ бо хонаводаҳояшон аст.

Бар асоси дастури нави ҳукумати Тоҷикистон қимати як гигабайт интернет дар Тоҷикистон бо дарназардошти молиёт бар арзиши афзуда ба 63 сомонӣ (муодили 6  доллар) расид, ки қаблан 30 то 35 сомонӣ буд.

Бар асоси ин қимат як дақиқа муколоама бо кишварҳои хориҷӣ ба 2 сомониву 25 дирам то 4 сомониву 80 дирам мерасад.