5 мактаби тоҷикӣ дар Русия ифтитоҳ меёбанд
Вазири маорифи Тоҷикистон дар Маскав ваъда дод, ки дар қаламрави Русия 5 мактаби тоҷикӣ ифтитоҳ ёбад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Нуриддин Саид дар Маскав дар ҳошияи ҳафтумин ҳамойиши ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон эълом кард, ки дар қаламрави Русия барои фарзандони коргарони муҳоҷири тоҷик 5 мактаби нав ифтитоҳ меёбад.
Вазири маорифи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки замони дақиқи таъсиси ин мактабҳо мушаххас нест ва ин мавзӯъ бояд бо мақомоти давлати Маскав ҳамоҳанг шавад.
Ба гуфтаи вай ҳамакнун дар ду шаҳри Маскав ва Челябинск барои фарзандони коргарони тоҷик ду мактаб фаъол аст, ки аз сӯи созмонҳои коргарони тоҷик дар Русия таъсис шудаанд.
Вазорати Маорифи Тоҷикистон китобҳои тоҷикии ин мактабҳоро таъмин мекунад.