Апрел 18, 2019 10:38 Asia/Dushanbe
  • Турбини дуввуми неругоҳи Роғун дар моҳи сентябр ба баҳрабардорӣ мерасад

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон замони баҳрабардорӣ аз турбини дуввуми неругоҳҳои барқ обии Роғунро моҳи сентябри соли равон эълом кард.

Ба нақл аз Дафтар матбуотии раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо тоҷикони муқими Маскав гуфтааст, ки турбини дуввуми неругоҳи барқ обии Роғун дар рӯзи бисту ҳаштумин солгарди истиқлоли кишвараш дар моҳи сентябри соли равон ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

Вай таъкид кардаанд, ки таи соли ахир 1 ҳазору 520 мегават ба зарфияти тавлиди барқ дар Тоҷикистон афзуда шудааст.

Турбини нахусти ин неругоҳ рӯзи 16 ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расида буд, ки таи чанд моҳи ахир ба далелҳои фаннӣ фаолияти он мутаваққиф шудааст. Аммо ахиран мудирияти неругоҳи барқ обии Роғун аз обгирии дубораи садди ин неругоҳ хабар дод.

Пас аз чанд моҳ вақфа дар фаолияти нахустин турбини неругоҳи барқ обии Роғун ва тахлияи оби садди он акнун аз обгирии дубораи ин неругоҳ хабар дод.

Ба манзури роҳандозии дубораи нахустин турбини неругоҳи Роғун бояд садди 60 метрии ин неругоҳи обгирӣ ва кори насби турбини дуввум оғоз шавад.

Таваққуфи фаолияти нахусти турбини неругоҳои барқ обии Роғун бар таъмини барқ дар фасли сармо дар Тоҷикистон таъсир дошт ва акнун дар бештари минтақаҳои ин кишвар танҳо 8 соат дар шабона рӯз ба хонаҳои мардум барқ мунтақил мешавад.

Дар сурати баҳрабардорӣ аз шаш турбини неругоҳи барқ обии Роғун ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегават барқ дар сол, Тоҷикистон на танҳо аз буҳрони камбуди барқ хориҷ мешавад, балки тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад ёфт.

Гуфта мешавад, ки сохти ин неругоҳ дар соли 2033 ба поён хоҳад расид.