Апрел 18, 2019 13:25 Asia/Dushanbe
  • Имзои 16 санади ҳамкории дастоварди сафари Раҳмон ба Русия

Дар поёни музокироти ҳайъатҳои баландпояи Тоҷикистон ва Русия санадҳои наве дар заминаҳои мухталиф байни 2 кишвар ба имзо расид.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар як сафари расмӣ вориди Русия шуда бо Владимир Путин раиси ҷумҳури ин кишвар дар Кремлн дидор кард.

Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар дидори дуҷонибаи сарони ду кишвар ва сипас дар нишасти ҳайъатҳои ду тараф баррасӣ шуд.

Раиси ҷумҳури Русия дар ибтидои ин мулоқот ибрози итминон кард натиҷаҳои ин сафар барои тақвият ва густариши ҳамкориҳои стратежики 2 кишвар кумак хоҳад кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ аз ҳамтои руси худ ва давлати Русия барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва истиқболи гарму самимонаи онон ташаккур кард.

Сарони 2 кишвар бар алоқамандии худ ҷиҳати тақвият ва густариши бештари ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия таъкид карданд.

Дар ин мулоқот равобити стратежики 2 кишвар ва низ иртибототи байналмиллалӣ ва минтақавии мавриди алоқаи ду тараф мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Тарафайн аз тавсеъаи пойдори ҳамкорӣ дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, инсонӣ, низомӣ, фаннӣ ва дигар масоил ҷиҳати равобити дуҷониба изҳори ризоят карданд.

Русия шарики аслии тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон аст ва ҳаҷми тиҷорати мутақобил миёни ду кишвар таи соли гузашта беш аз як миллиард доллар будааст.

Таи ин дидор тарафайн ба тавсеъа ва густариши ҳамкорӣ дар бахши энержӣ, сармоягузорӣ дар маводи ғизоӣ, нассоҷӣ, саноъати сангин ва маъданӣ, тадовуми мутолиаи майдонҳои нафту газ дар Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои муштараки тавлидӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия, ҳамлу нақл, тадорукот ва гардшгарӣ ибрози алоқа карданд.

Зимни ин мулоқот раванди иҷрои барномаҳо дар заминаи ҳалли масоили муҳоҷирати корӣ аз ҷумла эъломи афви бахше аз шаҳрвандони Тоҷикистон, беҳбуди шароити иқомати муҳоҷирони корӣ баррасӣ ва таъкид шуд, ки идомаи чунин иқдомот аз ҷумла тамдиди замони сабти ном ва иҷозатномаи фаолият ба нафъи муҳоҷирон хоҳад буд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард бахше аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо далелҳои мухталиф аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум шуданд афв шаванд.

Ин пешниҳод аз ҷониби раиси ҷумҳури Русия пазируфта ва ба Вазорати кишвари Русия дастур дода шуд, ки дар заминаи ҳалли ин масъала иқдом кунанд.

Масоили марбут ба ҳамкорӣ дар ташкилот ва созмонҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла мавзӯъоти дигари мулоқоти сарони Тоҷикистон ва Русия буд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамтои руси худ барои боздид аз Душанбе дар фурсати муносиб даъват кард.

Баъд аз анҷоми музокирот ва гуфтугӯҳои дутараф, маросими имзои аснод оғоз шуд, ки дар ҷараёни он 16 санади нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расид.