Озодии яке аз масъулони ҲНИТ аз зиндон
Як мақоми пешини Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аз зиндон озод шудааст.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Саодатшоҳ Адолатов, раиси собиқи шуъбаи Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Бадахшон рӯзи 15 апрел аз зиндон озод шуда, вале хабари озодии ӯ ба тозагӣ расонаӣ шудааст.
Ҷолиб ин аст, ки хабари озодии Ҷалолиддин Маҳмудов, яке дигар аз мақомҳои пешини Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам, ки 4-уми апрел аз зиндон озод шуда буд, бо таъхир расонаӣ шуд. Дар ҳамин замина ба тозагӣ мушаххас шуда, ки 4 моҳ пеш Завқибек Раҳмонов, раиси собиқи бахши ҳизби ёдшуда дар ноҳияи Ванҷ низ аз зиндон озод шудааст. Манобеи давлатии Тоҷикистон, ки дар замони боздошт ва маҳкумияти ин 3 нафар, бахусус Адолатов ва Маҳмудов ба зиндон сарусадои фаровоне ба по карда буданд, дар бораи озодии онҳо сукут ихтиёр кардаанд.
Саодатшоҳ Адолатов соли 2014 ба иттиҳоми барангехтани кина ва душмании динӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро аз соли 2015 ба иттиҳоми мушорикат дар шӯрииши генерал Абдулаҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифоъ мамнӯъ эълом кардааст.