Афзоиши қимати Интернет муҷиби норизоятии мардум аз ҳукумати Тоҷикистон
(last modified Sat, 20 Apr 2019 04:19:43 GMT )
Апрел 20, 2019 09:19 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши  қимати Интернет муҷиби норизоятии мардум аз ҳукумати Тоҷикистон

Намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон муътақид аст, афзоиши қимати Интернет дар ин кишвар муҷиби норизоятии мардум аз амалкарди ҳукумат хоҳад шуд.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Саидҷаъфар Усмонзода раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар маҷлиси қонунгузории ин кишвар дар мизи гирд баррасии авоқиби афзоиши қимати Интернет  дар ин кишвар гуфтааст, ки дар соли 2020 ду интихоботи парлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Аз ин ру мубтакирони ин иқдом, эътирози  наздик ба 7 то 8 милион мардуми Тоҷикистонро алайҳи ҳукумат бармеангезанд, ки мухолифон натавонистаанд ин корро анҷом диҳанд.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоле, ки мизони ҳуқуқ ва дастмуздҳои мардуми Тоҷикистон поин аст чигуна метавон бо як фармон,қимати Интернетро бидуни дар назар гирифтани вазъи номусоиди молӣ ва маъишатии хонаводаҳо афзоиш дод. Аз сӯи дигар суръат ва сифати хадамоти Интернет дар Тоҷикистон низ бисёр поин аст.

Ба гуфтаи Саидҷаъфар Усмонзода ин мавзӯъ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мавриди барасӣ қарор гирифта ва пешниҳодоте дар заминаи таҷдиди назар дар ин иқдом ба ҳукумат ироа шудааст.

Бар асоси дастури нави ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзи 18 апрели соли равон қимати як гегабайт Интернет  дар Тоҷикистон бо иҳтисоби андоз ба 63 сомонӣ ( муодили 6 доллар ) расид, ки қаблан 30 то 35 сомони буд.

 Бар ин асос қимати як дақиқа муколима бо кишварҳои хориҷӣ ба 2 сомонӣ ва 25 дирам то 4 сомонӣ ва 80 дирам расидааст.