Мамнуъияти пазириши бонувони муҳаҷҷаба дар бемористоне дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i43181-Мамнуъияти_пазириши_бонувони_муҳаҷҷаба_дар_бемористоне_дар_Душанбе
Мудирияти бемористони мавсум ба доктор Мансуров дар шаҳри Душанбе эълом кардааст пизишконе, ки маризони муҳаҷҷабаро пазириш кунанд аз симаташон барканор хоҳанд шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 20, 2019 11:31 Asia/Dushanbe
  • Мамнуъияти пазириши бонувони муҳаҷҷаба дар бемористоне дар Душанбе

Мудирияти бемористони мавсум ба доктор Мансуров дар шаҳри Душанбе эълом кардааст пизишконе, ки маризони муҳаҷҷабаро пазириш кунанд аз симаташон барканор хоҳанд шуд.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, теъдоде аз бонувони муҳаҷҷаба гуфтаанд, ки пизишкони ин бемористон таъкид кардаанд ба онон чунин дастуре дода шудааст ва намедонанд  дар рӯзи қиёмат дар пешгоҳи Худованд барои ин аъмоли хеш чи посухе хоҳанд дод.

Ба гуфтаи ин афрод  ҳатто ба парасторони хонум дар ин бемористон дастур дода шудааст, ки аз бастани рӯймолашон ба сабки исломӣ худдорӣ кунанд ва дар акси хол ихроҷ хоҳанд шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ қонуни расмие дар бораи мамнуъияти пушиши исломӣ вуҷуд надорад. Аммо таи 5 соли ахир вуруди бонувони муҳаҷҷаба ба идороти давлатӣ, марказҳои омӯзишӣ ва дармонӣ бидуни тасвиби қонун ва муқаррароти ҳуқуқӣ мамнуъ шудааст.

Мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон  ба баҳонаи мубориза бо таблиғи фарҳанги бегона пушиши исломии бонувони тоҷик ба таъсиси коргуруҳҳое иқдом кардаанд, ки дар кӯча ва хиёбонҳо аз занон ва духтарони муҳаҷҷаба мехоҳанд рӯймолҳои худро тавре бипушанд, ки гардан ва муи сари онон боз ва қобили мушоҳида бошад.

Ин мақомот муддаианд, ки пушиши исломии бонувони тоҷик фарҳанги бегона аст. Аммо фарҳанги миллии мавриди иддаъои ин афрод тарзи пушиши даврони Шуравӣ аст, ки дар даҳаи 1930 дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи марказӣ тавассути давлати вақти Шуравӣ таҳмил шуда буд.

Манзури мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон аз либоси миллӣ ҳамон пушиши даврони Шуравӣ аст, ки бахшҳое  аз андоми занро, ки бар асоси шариъати ислом бояд пушида бошад бараҳна мегузорад.