Оғози марҳилаи дуввуми бозсозии хона ва музейи Садриддин Айнӣ дар Самарқанд
Мақомҳои давлатии Узбакистон аз оғози бозсозии хона ва музейи устод Садриддин Айнӣ нависандаи машҳур, поягузори адабиёти нав, қаҳрамони миллӣ ва нахустин раиси фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар шаҳри Самарқанд хабар доданд.
Ба нақл аз сомонаи Нюз-Уз, ҳукумати Узбакистон барои ин кор 300 ҳазор сум ( муъодили 37 ҳазор доллар ) ихтисос дода буд, ки акнун марҳилаи дуввуми бозсозии хона ва музейи устод Садриддин Айнӣ оғоз шудааст.
Садриддин Айнӣ дар ин манзили маскунӣ аз соли 1917 то 1950 яъне то замони сукунат дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон, зиндагӣ карда ва акнун ин манзил ба музей табдил шудааст.
Амриддин Пулодов мудири хона ва музейи Садриддин Айнӣ гуфтааст, ки марҳилаи нахусти бозсозӣ ва таъмироти ин бинои таърихӣ то ҷашни саду чилумин солрӯзи вилодати вай дар моҳи апрели соли ҷорӣ ба поён расид. Бахше аз ин хона дар охирҳои қарни 19 ва қисме ҳам тавассути устод Садриддин Айнӣ, дар даҳаи 30-и қарни гузашта сохта шуудааст, ки ниёз ба бозсозӣ дорад.
Мақомҳои қаблии шаҳрдории Самарқанд дар соли 2009 қасд доштанд хонаи устодро ба баҳонаи бозсозии хиёбонҳои марказии ин шаҳр вайрон кунанд, ки ин амр бо эътирозҳои шадиде дар Узбакистон ва Тоҷикистон рӯ ба рӯ шуд ва акнун бо беҳбуди робитаҳои Тошканд ва Душанбе ин манзили маскунии таърихӣ мавриди бозсозӣ қарор гирифт.
Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба муносибати саду чилумин солрӯзи вилодати устод Садриддин Айнӣ дар 15 уми моҳи апрели соли ҷорӣ, ҳамоиши илмӣ дар бораи нақши ин донишманди машҳур дар таъсиси ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон дар таркиби иттиҳоди Шуравии вақт, хадамоти илмӣ ва адабии вай дар рӯшди адабиёти нави миллӣ ва низ шинохти осори ӯ дар шаҳри Душанбе баргузор кард.
Бархе китобҳои устод Садриддин Айнӣ аз ҷумла Хотирот , Намунаи адабиёти тоҷик ва Таърихи фикрии инқилоби Бухоро то кунун дар Эрон мунташир шудааст.