Апрел 25, 2019 09:14 Asia/Dushanbe
  • Беш аз яксад русто ба шабакаи барқи марказии Тоҷикистон муттасил мешаванд

Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон аз омодашудани барномаи иттисоли 105 русто бо ҷамъияти 200 ҳазор нафар дар вилоятҳои Хатлон ва Бадахшон ба шабакаи марказии хутути интиқоли барқи ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, ин рустоҳо ба далели афзоиши саръеи ҷамъияти ин кишвар таи солҳои ахир сохта шудаанд, ки сокинони онҳо ба шабакаи марказии хутути барқи ин ҷумҳурӣ дастрасӣ надоранд.

Ҳазинаи молии ин тарҳро Бонки ҷаҳонӣ таъмин хоҳад кард.

Дар чорчуби ин барнома сохти таъсисоти зербиноии мавриди ниёз барои интиқоли барқ аз неругоҳи барқи обии дар дасти эҳдоси Себзор дар қаламрави вилояти Бадахшон низ мадди назар мебошад.

Ҳамчунин сохти чандин неругоҳи хуршедӣ, бодӣ ва барқи обии кучак дар минтақаҳои муносиб дар қаламрави вилоятҳои Хатлон ва Бадахшон барномарезӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки теъдоде, аз рустоҳои тозасохт ва бидуни барқи Тоҷикистон дар минтақаҳои дурдаст ва марзӣ воқеъ шудаанд, ки акнун давлат тасмим гирифтааст бо кумаки молии Бонки ҷаҳонӣ барномаи иттисоли ин рустоҳо ба шабакаи барқи марказии ин кишварро иҷроӣ кунад.