Апрел 25, 2019 11:00 Asia/Dushanbe
  • Даъвати  ҳамтои чинӣ аз Раҳмон барои сафар ба ин кишвар

Раиси ҷумҳури Чин аз Эмомалӣ Раҳмони раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои сафар ба ин кишвар ба манзури ширкат дар як иҷлоси байналмиллалӣ даъват кардааст.

Ба нақл аз Ховар, Ши Ҷин Пинг, раиси ҷумҳури Чин аз ҳамтои тоҷики худ даъват кардаат, то дар иҷлоси "Як камарбанд, як ҷодда" дар Пекин ширкат кунад.

Ин иҷлос аз фардо ба муддати ду рӯз доир мешавад.

Гуфта мешавад дар ин иҷлос сарони 37 кишвари ҷаҳон ва дҳҳо созмони байналмиллалӣ ба шумули Дабири кулли Созмони Миллал ҳузур хоҳанд дошт.

Чин дар таи солҳои ахир ба яке аз аслитарин шарикони иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон табдил шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта Русия шарики аслии Тоҷикистон ба ҳисоб меомад.