Интиқоди раиси парлумони Тоҷикистон аз тасмими Хадамоти зиддиинҳисорӣ
(last modified Fri, 26 Apr 2019 15:56:44 GMT )
Апрел 26, 2019 20:56 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди раиси парлумони Тоҷикистон аз тасмими Хадамоти зиддиинҳисорӣ

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз иқдоми Хадамоти давлатии зиддиинҳисории ин кишвар барои афзоиши қимати интернет, ки мӯҷиби ошуфтагии авзои ҷомеа шуд, ба шиддат интиқод кард.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷ вик”, Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, ки Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон бо иқдоми насанҷида дар афзоиши қимати интернет ба эътибори байналмилалии ин кишвар латма зад. Вай гуфтааст, ки бо эъломи афзоиши қимати интернет дар Тоҷикистон тамоми расонаҳои хабарии ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар як моҳи ахир ба пӯшиши густардаи ин мавзӯъ пардохтанд ва ин рӯйдод ҷойгоҳи ин кишварро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш дод. Шукурҷон Зуҳуров афзуд, қабл аз эъломи афзоиши қимати интернет бояд ин мавзӯъ дар коргурӯҳи тахассусӣ баррасӣ мешуд ва вазорату созмонҳои муртабити давлатӣ дар ин замина тасмим мегирифтанд. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тасреҳ кард, ин кишвар аз назари иқтисодӣ ва молӣ дар сатҳе қарор надорад, ки битавонад қимати интернетро ба ин мизон афзоиш диҳад.

Дар пайи афзоиши эътирозот ба тасмими Ҳукумати Тоҷикистон барои афзоиши қимати интернет ва муколамоти телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар рӯзи 23 апрел фармони лағви ин дастурро содир кард. Пеш аз ин, бар асоси дастури Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, аз рӯзи 18 апрел қимати як гигабайт интернет дар ин кишвар бо эҳтисоби молиёт бар арзиши афзуда аз 30 то 35 сомонӣ ба 63 сомонӣ (муодил 6 доллар) ва қимати як дақиқаи муколама бо кишварҳои хориҷӣ ҳам ба 2 сомонию 25 дирам то 4 сомонию 80 дирам расид.