Тоҷикистон аз гардишгарони хориҷӣ ва довталабони сафари ҳаҷ андоз хоҳад гирифт
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонуни дарёфти андоз аз гардишгарони хориҷӣ ва атбоъи ин кишвар аз ҷумла зоирони хонаи Худоро, ки бо ширкатҳои туристӣ ба хориҷ мераванд тасвиб кард.
Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Файзиддин Қаҳҳорзода вазири андози Тоҷикистон ҳангоми ироаи ин тарҳ ба маҷлиси намояндагон гуфтааст, ин андоз барои гардишгарони хориҷӣ ва атбоъи тоҷике, ки тавассути ширкатҳои туристӣ ба хориҷ мераванд аз ҷумла зоирони хонаи Худо илзомӣ хоҳад шуд, ки ба буҷаи ҳукумат вориз мешавад.
Вай гуфтааст, дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир145 ширкати хадамоти гардишгарӣ фаъолият мекунад ва тайи соли 2018 барои бори нахуст беш аз 1 миллион нафар аз гардишгарони хориҷӣ ба ин кишвар сафар кардаанд.
Ба гуфтаи вазири андози Тоҷикистон мизони андози дарёфтӣ аз гардишгарони хориҷиро ҳукумати ин кишвар мушахас хоҳад кард.
Аммо як манбаъи ҳукуматӣ ба шарти ифшо нашудани номаш ба хабаргузории Азия-Плюс эълом кардааст, ки ҳар гардишгари хориҷӣ барои як шабонарӯз иқомат дар Тоҷикистон маблағи 1 доллар андоз пардохт хоҳад кард.
Ҳамчунин Сулаймон Давлатзода раиси Кумитаи давлатии умури динии Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳар шаҳрванди ин кишвар, ки барои анҷоми маносики ҳаҷ ба Арабистон сафар мекунад вазифадор ба пардохти маблағи 50 доллар ба буҷаи ҳукумат хоҳад шуд.
Бо ин ҳол Меҳрубон Бурҳонов иқтисоддони тоҷик муътақид аст, дарёфти андоз аз гардишгарон ва ҳоҷиён ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад барои афзоиши даромади буҷаи ҳукумати Тоҷикистон кӯмак кунад. Аз ин рӯ беҳтар аст, давлати Тоҷикистон бо коҳиши қимати интернет таърифаҳои хадамоти гардишгарӣ, поин овардани нархи билети ҳавопаймо ва беҳбуди фазои сармоягузорӣ заминаи вуруди бештари гардишгарони хориҷиро фароҳам созад чаро, ки аз ин ҳисоб метавонад даромади бештаре ба даст оварад.