Апрел 27, 2019 10:44 Asia/Dushanbe
  • Корхонаи дузандагии Гулистон барои бори чорум ба музоида гузошта шуд

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи Тоҷикистон барои бори чорум таи солҳои ахир фуруши корхонаи дузандагии мавсум ба Гулистон дар маркази шаҳри Душанберо ба музоида эълом кардааст.

Ба нақл аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи Тоҷикистон, ин корхона, ки пештар мутаалиқ ба Димитри Фирташ сармоядори украинӣ буда ва бо ҳукми додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе мусодира шудааст, акнун барои бори чорум аз тариқи музоида ба фуруш гузошта мешавад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи Тоҷикистон нархи оғози музоидаи ин корхонаро 24 миллион ва 220 ҳазор сомонӣ ( Наздик ба 2 миллион 600 ҳазор доллар ) унвон кардааст. Ин дар ҳоле аст, ки дар музоидаи мушобеҳе дар соли 2017 нархи оғозии ин корхонаро дар музоида 32 миллион сомонӣ ( наздик ба  4 миллион доллар ) таъин карда буданд, аммо харидоре барои ин корхона пайдо нашуд. Ин қимат дар соли 2018 ба 30 миллион сомонӣ коҳиш пайдо кард, ки боз ҳам ба фуруш нарафт.

Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе баҳори соли 2014 дар пайи шикояти Ожонси давлатии мубориза бо фасод ва ришвахории Тоҷикистон бинобар ғайриқонунӣ будани вогузории ин корхона ба бахши хуссусӣ, 95 дарсад аз саҳоми Димитри Фирташ сармоядори украиниро бекор кард. Гуфта мешавад, ки панҷ дарсади боқимонда аз саҳоми корхонаи дузандагии Гулистон мутаалиқ ба Хайруллоҳ Саидов писари бузурги Зайд Саидов тоҷири зиндонӣ аст.

Бо иддаъои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи Тоҷикистон Зайд Саидов дар солҳои 2000 то 2005, ки вазири Саноеъ буд, ин корхонаро ба сурати ғайри қонунӣ ба Димитри Фирташ сармоядори украинӣ вогузор карда буд.

Пеш аз ин низ бар асоси ҳукми додгоҳи олии Тоҷикистон корхонаи тавлиди нурҳои  кимиёӣ дар вилояти Хатлон, ки саҳоми молии он мутаалиқ ба Димитри Фирташ буд, мусодира ба як ширкати чинӣ вогузор шуд.