Апрел 27, 2019 16:27 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани се узви тоҷики Ҷамоати Ансоруллоҳ дар Афғонистон

Се узви созмони дар Тоҷикистон мамнуи Ҷамоати Ансоруллоҳ дар Афғонистон кушта ва 4 тани дигар низ захмӣ шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз “Ховар”, хабаргузории давлатии Тоҷикистон, дар як амалиёти нерӯҳои Афғонистон дар қарияи Пули Сучи дараи Хустаки шаҳристони (вулусволӣ) –и Ҷирми устони Бадахшон се узви созмони дар Тоҷикистон мамнӯи Ҷамоати Ансоруллоҳ кушта ва 4 тани дигар захмӣ шудаанд.

Хабаргузории “Ховар” исми ин ҷангиёнро нашр карда, навиштааст, ки онҳо зодагони Исфара, Истаравшан, Душанбе ва ноҳияи Нурободи Тоҷикистон будаанд.

Ҷамоати Ансоруллоҳ, ки қаблан дар бораи байъаташ бо гурӯҳи террористии ДИИШ суҳбат мешуд, дар ин авохир канали ҷадидеро дар шабакаи Телеграм боз кардааст ва тавре аз муҳтавои матлабҳояш дар ин канал бармеояд, ин созмони тундрав зоҳиран ҳоло бо ҷунбиши Толибони Афғонистон муттаҳид шуда, дар Афғонистон дар канори Толибон меҷангад.

Як пойгоҳи асосии ҷангиёни Ҷамоати Ансоруллоҳ дар дараи Хустаки устони Бадахшони Афғонистон ҷойгир шудааст.

“Ховар” гузориш додааст, ки ҷасади ин се ҷангии кушташудаи тоҷикистониро мардуми маҳаллӣ дар мазори ғарибони деҳаи Хули дараи Хустак дафн кардаанд.

Тибқи ин гузориш, ҷангиёни кушташуда дорои тахаллуси Абуталҳа, Додуллоҳ  ва Мавлавӣ Ҳамза буда, зодаи навоҳии Нуробод, Исфара ва Истаравшани Тоҷикистон ҳастанд. Ба навиштаи “Ховар” онҳо солҳои тӯлонӣ дар пойгоҳҳои террористӣ тамрини низомӣ дида, барои ҳамла ва интиқоли ҷангу хунрезӣ ба хоки Тоҷикистон мунтазири амри саркардагони хоину беватани хеш аз Аврупо будаанд.

Сайти “Ахбор менависад: манзури хабаргузории “Ховар” аз “саркардагони хоину беватан аз Аврупо” ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) аст. Зеро дар ин гузориш Ҷамоати Ансоруллоҳ ба такрор ҳамчун “қаноти низомии Ҳизби наҳзат” ном бурда мешавад.

Аммо масъулони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзат ҳар навъ иртиботашон бо Ҷамоати Ансоруллоҳро рад мекунад ва мегӯяд, ин гуруҳро афроде таъсис додаанд, ки пайрави ақидаҳои такфирӣ буда, дар гузашта ба далели ихтилофи ақида сафи ин ҳизбро бо эътироз тарк кардаанд.

Аз асосгузорони Ҷамоати Ансоруллоҳ ду нафараш – Мулло Абдуллоҳ Раҳимов соли 2011 дар анҷоми як амалиёти вижа дар водии Рашти Тоҷикистон ва Амриддин Табаров соли 2015 дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин дар вилояти Кунари Афғонистон кушта шудаанд. Қамариддин Аҳроров боздошт ва дар Тоҷикистон ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст.