Сентябр 18, 2016 09:19 Asia/Dushanbe
  • Қимати оби ошомиданӣ дар шаҳри Душанбе афзоиш меёбад

Созмони оби шаҳри Душанбе аз афзоиши қимати оби ошомиданӣ барои сокинон, корхонаҳои буҷавӣ ва тиҷории пойтахти Тоҷикистон аз аввали моҳи октябри соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории "Озодагон", дар иттилоияи КВД "Обу корези Душанбе" таъкид шудааст, ки аз аввали октябри соли ҷорӣ қимати ҳар як метри мукааб оби масрафӣ барои хонаҳо ва корхонаҳои давлатии пойтахти Тоҷикистон 20 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Бар асоси ин гузориш, сокинони шаҳр ва идороти буҷавӣ бояд барои масрафи як метри мукааб об 62 дирам пардохт кунанд, дар ҳоле ки то ба ҳол қимати ҳар метри мукааб об барои мардум ва идороти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 52 дирам муҳосиба мешуд. Аммо аз аввали октябри соли ҷорӣ қимати ҳар як метри мукааб оби ошомиданӣ барои марказҳои тиҷорӣ ва ғайрдавлатӣ ба 5 сомонию 38 дирам хоҳад расид, ки баробар ба нархи як литр бензин мебошад. Пеш аз ин қимати ҳар метри мукааб об ошомиданӣ барои ин марокиз 4 сомонию 48 дирам муқаррар шуда буд.

Афзоиши қимати оби масрафӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳоле эълом мешавад, ки Тоҷикистон беш аз 60 дарсад аз захоири оби минтақаи Осиёи Марказиро дар ихтиёр дорад ва дар аксари рустоҳои ин кишвар ҳанӯз ҳам мардум аз оби чашмаву ҷӯйҳо истифода мекунанд.