Апрел 28, 2019 19:34 Asia/Dushanbe
  • Сомонаи иттилорасонии раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон масдуд шуд

Сомонаи иттилорасонии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли ҷорӣ масдуд ва дастрасӣ ба он дар дохил ва хориҷ аз кишвар ғайри мумкин шудааст.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, талоши корбарон барои вуруд ба ин сомона бенатиҷа аст ва ширкатҳои ироадиҳандаи хадамот чунин посух медиҳанд, ки шумо наметавонед ба ин сомона ворид шавед.

Ин дар ҳоле аст, ки чанде пеш дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории давлатии Ховари Тоҷикистон, ки ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, форсӣ ва арабӣ матлабҳои худро мунташир мекунад, ғайри мумкин шуда буд, ахиран имкони вуруди дубора ба ин сомона фароҳам шудааст.

Сомонаи Ахбор бо истинод ба манобеъи хеш таъкид кардааст, ки вуруд ба сомонаи иттилорасонии раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтимоли зиёд  дар пёи ҳамлаҳои ҳаккерҳо ғайри мумкин шудааст.

Хабаргузории Ахбор муътақид аст, ба далели матраҳ шудани бархе масоил дар равобити Русия ва Тоҷикистон дар паи сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав шояд ҳаккерҳои русӣ ба сомонаи иттилорасонии раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамла карданд.

Бино бар иттилоъи ахир, имкони вуруди дубора ба ин сомона фароҳам ва дастрас  шудааст.