Апрел 29, 2019 11:14 Asia/Dushanbe
  • Кумаки Бонки ҷаҳонӣ ва бунёди Оғохон барои  бозсозии ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон

Бонки ҷаҳонӣ ва бунёди Оғохон барои бозсозии ёдгориҳои таърихӣ ва маконҳои гардишгарии Тоҷикистон кумак хоҳанд кард.

Ба нақл аз  Спутник, ин матлаб дар поёни дидори Шамсуддин Урумбегзода вазири фарҳанги Тоҷикистон бо ҳайъати Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе эълом шуд.

Бар асоси  ин тавофуқ бо кумаки молӣ ва фаннии Бонки ҷаҳонӣ ва бунёди Оғохон мақбараи Хоҷа Машҳад, қалъаи ҳулбук, Чилу чор чашма ва қалъаи ямнун бозсозӣ ва таъмир хоҳанд шуд.

Дар ин дидор масоили марбут ба ҷазби сармоя, истифода аз нерӯи кории маҳаллӣ, идомаи барномаҳои бозсозии ёдгориҳои таърихӣ ва маконҳои гардишгарии Тоҷикистон, аз навсозии корвонсароҳои қадимӣ, сохти меҳмонхонаҳо ва коргоҳҳои кучак тавлид ва фуруши саноеъи дастӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тарафҳо таъкид кардаанд, ки бо иҷро шудани ин барнома заминаи ҷазби гардишгарони бештар ба Тоҷикистон ва муаррифии маконҳои таърихӣ ва ҷазоби ин кишвар барои туристҳои хориҷӣ фароҳам хоҳад шуд, ки муҷиби  фароҳам шудани ҷои кор барои мардуми маҳаллӣ низ мешавад.

Тоҷикистон дорои маконҳои зиёди таърихӣ ва гардишгарие аст, ки дар сурати сармоягузорӣ ва сохти таъсисоти зербиноӣ метавонад заминаи ҷазби гардишгарони бештари хориҷиро фароҳам созад.