Апрел 29, 2019 11:53 Asia/Dushanbe
  • Дидори Раҳмон бо раиси ҷумҳури Чин; ҳамкориҳои тиҷорӣ меҳвари гуфтугӯҳо

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чин дар ҳошияи Ҳамоиши байналмиллалии "Як камарбанд, як роҳ" бо якдигар дидор ва вазъияти феълӣ ва дурнамои тавсеъаи робитаҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи дуввумин ҳамоиши байналмиллалии "Як камарбанд, як роҳ" бо Ши Ҷинпинг раиси ҷумҳури Чин дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ҷараёни ин мулоқот масоили мухталифе марбут ба мушорикати стратегӣ, ҳамкориҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни 2 кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раҳмон дар суханоне аз фурсати дидор дар сатҳи олӣ барои баррасии масоили феълӣ ва чашмандози тавсиъаи робитаҳои дуҷониба, иртиботҳои минтақаӣ ва байналмилаллӣ ибрози ризоят кард.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақши мусбати Чин дар тавсеъа, ҳимоят, пиёдасозии прожаҳо бо сармоягузории ин кишвар, афзоиши мубодилоти тиҷорӣ миёни 2 кишвар, тавсеъаи иқтисоди миллӣ, тавсеъаи стратегии миллӣ, санъатисозии ин кишвар ба таври вижа таъкид кард.

Раисони ҷумрии Тоҷикистон ва Чин бар аҳамияти ҳамгароии муассир дар чорчуби ибтикори "Як камарбанд, як роҳ" таъкид карданд.

Дар ин дидор ду тараф омодагии худ барои идома додани иқдомҳои муштарак дар заминаи мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳои ҷаҳони муосир аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, ҷудоӣ талабӣ, ҷараёнҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир иброз доштанд.

Раҳмон ва Ҷинпинг бар аҳаммияти ҳамкорӣ дар ин замина бо дар назар гирифтани ташдиди фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон таъкид карданд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба таҷлили ҳафтодумин солгарди таъсиси Ҷумҳурии халкии Чин дар соли ҷории мелодӣ, ба ҳамтои чинии худ табрик гуфт ва барои ин кишвари дӯст рифоҳ ва шукуфоиро орзу кард.