Апрел 30, 2019 09:26 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммуъи эътирозии коргарони ширкати Фароз дар Душанбе

Даҳҳо нафар аз коргарони қарордодии ширкати мавсум ба Фароз дар эътироз ба коҳиши нархи хариди маҳсулоташон муқобили сохтмони марказии ин ширкат таҷаммуъи эътирозӣ баргузор карданд, ки бо мудохилаи неруҳои полиси шаҳри Душанбе пароканда шуданд.

Ба нақл аз сомонаи Ка-Нюз,  ин ашхос гуфтаанд, ки мудирияти ширкати Фароз эълом кардааст, ки ҳар кило шираи камолро, ки барои таҳияи дору истифода мешавад аз онон ба нархи 10 доллар харидорӣ хоҳад кард. Дар ҳоле ки қаблан ҳар кило шираи камол аз онон ба нархи 70 то 80 доллар харидорӣ мешуд.

Мудирияти ширкати Фроз, ки мутаъаллиқ ба Шамсуллоҳ Соҳибов домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст, таҳдид кардааст, ки дар сурати мухолифат бо нархи нав аз коргарони афғонистонӣ истифода хоҳад кард, ки омодаанд ин маҳсулро ба нархи поинтар ба ин ширкат бифурушанд.

Шираи гиёҳи камол яке аз гаронтарин мавод барои таҳияи дору дар Бозори ҷаҳонӣ аст, ки дар Тоҷикистон ширкати Фароз ҷамъоварӣ ва тиҷорати пурсуди онро дар инҳисори худ дорад.

Дар соли 2018 Маркази пажуҳишҳои мустақили рӯзноманигорӣ гузорише аз фаолияти ширкати Фароз мунташир кард ва муддаъӣ шуд, ки ин ширкат аксари марокизи тиҷории ин кишварро дар ихтиёр дорад ва андоз пардохт намекунад.

Аммо мудирияти ширкати Фароз ба ин мавзӯъ вокуниш нишон надодааст.

Гуфта мешавад, ки неруҳои полиси шаҳри Душанбе теъдоде аз коргарони муътаризро боздошт ва барои бозпурсӣ ба идораи полиси пойтахти Тоҷикистон мунтақил кардаанд.