Апрел 30, 2019 09:39 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси тоҷик гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар бораи нархи барқро зери савол бурд

Коршиноси умури барқ дар Тоҷикистон, гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар бораи таърафаҳои нархи барқ дар ин кишварро зери савол бурд.

Ба нақл аз сомонаи Авесто, муҳандис Камолуддин Сироҷуддинов муътақид аст гузориши Бонки ҷаҳонӣ мавсум ба "арзёбии бахши энержии Тоҷикистон" аз воқеъиятҳои ин кишвар ба дур аст, чаро ки таи панҷ соли ахир нархи барқ дар Тоҷикистон 76 дарсад афзоиш ёфтааст ва ҳамвора таъкид мекунанд, ки шарти Бонки ҷаҳонӣ барои кумаки молӣ ба бахши энержии ин кишвар афзоиши нархи барқ аст.

Аз сӯи дигар Бонки ҷаҳонӣ шарти кумак ба бахши энержии Тоҷикистонро афзоиши ҳамасолаи нархи барқи масрафӣ унвон мекунад, ки арзиши тамомшудаи барқи тавлидӣ дар неругоҳҳои барқи обии ин кишвар ба маротиб поинтар аз нархи феълие аст, ки мардум пардохт мекунанд.

Бонки ҷаҳонӣ комилан огоҳ аст, ки нархи барқи масрафӣ барои бахши хонагӣ бо даромади мардуми ин кишвар мутобиқат надорад. Ҳамчунин ба далели қарзи молии ширкати давлатии Барқи тоҷик неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1 танҳо бо 42 дарсад аз зарфияти хеш фаолият мекунад, аз тарафе Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия дар дидор бо ҳамтои тоҷики хеш дар Маскав бар зарурати пайдо кардани роҳи фуруши барқи ин неругоҳ ба хориҷ таъкид карда буд.

Муҳандис Камолуддин Сироҷуддинов чунин натиҷагирӣ кардааст, ки бо вуҷуди бархе нуктаҳои мусбат дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар бораи бахши энержии Тоҷикистон ин матлаб ба дур аз воқеъиятҳои ин кишвар таҳия шудааст.