Апрел 30, 2019 18:43 Asia/Dushanbe
  • Нишасти вазирони дифои кишварҳои СҲШ дар Бишкек

Вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай мавзӯи амнияти минтақа, аз ҷумла вазъияти марзҳои Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, нишасти вузарои дифои кишварҳои узви Созмони Шанхай дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон пушти дарҳои баста баргузор шуд ва ҳайатҳои низомии ҳозир дар ин ҳамоиш дар бораи таҳдидҳо ва чолишҳои Осиёи Марказӣ табодули назар карданд. Ҳамчунин барномаи муштарак барои коҳиши танишҳо дар марзҳои Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд. Имзои 11 санади ҳамкорӣ дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ аз барномаҳои ин нишаст аст.

Созмони Шанхай бо узвияти Чин, Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон бо ҳадафи барқарор кардани мувозина дар баробари нуфузи Амрико ва НАТО дар минтақа поягузорӣ шуд. Покистону Ҳинд аз охирини кишварҳое ҳастанд, ки ба ин созмон пайвастанд ва Афғонистон, Беларус, Эрону Муғулистон аъзои нозири ин созмон мебошанд.