Дархости “Хабарнигорони Бидуни Марз” аз Хукумати Тоҷикистон
(last modified Tue, 30 Apr 2019 15:07:44 GMT )
Апрел 30, 2019 20:07 Asia/Dushanbe
  • Дархости “Хабарнигорони Бидуни Марз” аз Хукумати Тоҷикистон

Созмони “Хабарнигорони Бидуни Марз” ва Анҷумани миллии расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон бо интишори баёнияе аз ҳукумати ин кишвар дархост кардаанд, ки ба масдуд кардани сомонаҳои интернетӣ поён диҳад.

Ин баёния бо ишора ба баста шудани хабаргузориҳои “Ахбор” ва “Фарғона” дар қаламрави Тоҷикистон меафзояд, панҷ моҳ аст, ки дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории “Азия плюс” низ ғайримумкин шудааст. Имзокунадагони ин баёния таъкид кардаанд, ки бастани сомонаҳои хабарӣ ба нафъи Ҳукумати Тоҷикистон нест ва ба эътибори байналмилалии ин кишвар дар заминаи озодии сухан латма мезанад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон бо ибрози таассуф аз ин навъ иқдомот Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти ин кишварро дар ин замина муқассир дониста таъкид кардааст, ки ин ниҳоди давлатӣ дар ҳоле ҳаққи дастрасии озодонаи шаҳрвандони ин кишвар ба ахборро нақз мекунад, ки Қонуни Асосии Тоҷикистон ин ҳақро барои мардуми ин кишвар ба расмият шинохтааст. Ба гуфтаи Қаршибоев, Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон аз соли 2018 ироаи хадамоти интернетиро инҳисорӣ карда, ба баҳонаҳои мухталиф хабаргузориҳо ва сомонаҳои хабариро масдуд мекунад. Раиси Анҷумани миллии расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон муътақид аст, ки ин навъи иқдомот мӯҷиби афзоиши эҳсосоти эътирозӣ дар ҷомеа хоҳад шуд.

Бар асоси гузориши Созмони “Хабарнигорони Бидуни Марз”, Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии озодии матбуот дар соли 2018 дар миёни 180 кишвар дар мақоми 161 қарор гирифт.