Апрел 30, 2019 20:46 Asia/Dushanbe

"Боғи шафтолӯ", маҷмӯаи достонҳои Шоҳмансури Шоҳмирзо, нависандаи ҷавони тоҷикро нашриёти "Солис"-и Эрон ба теъдоди 1000 нусха мунташир кард.

Салими Айюбзод, нависандаи маъруфи тоҷик бо нигориши пешгуфторе бар ин китоб бо унвони "Боғбони сухан" навиштааст: "Се сафҳа аз ин китобро иҷмолӣ ҳам бошад, бигардед, нигоҳе ба бофтор ва вожагон афканед ва ман сахт бовар дорам, ҳамин бас хоҳад буд, ки ба дунёи дилнишини он фурӯ равед".

"Боғи шафтолу" аввалин маҷмӯаи достонҳои Шоҳмансури Шоҳмирзо, нависандаи тоҷик аст.

Қарор аст, маҷмӯаи дувуми достонҳои ӯ ва низ маҷмӯае аз ашъори Шоҳмансури Шоҳмирзо ба зудӣ дар Эрон чоп шавад.

Шоҳмансури Шоҳмирзо фардо дар нишасти "Дидор бо аҳли қалам" дар 32-юмин Намоишгоҳи байналмилали китоби Теҳрон ширкат ва бо мунтақидону хонандагони китобаш гуфтугӯ хоҳад кард. Ин нишаст аз соати 16 то 18 дар толори “Шабистон”-и Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон баргузор мешавад.

Шоҳмансури Шоҳмирзо ин китобро ба падараш тақдим кардааст. Падари Шоҳмансур Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад аз нависандагони номошнои тоҷикистонӣ аст, ки дар 70 соли зиндагияш беш аз ҳазор мақола ва китобҳое ҳамчун “Сурмаи дил”, “Қасидаи ҷавонмардӣ” “Ахтари зулматсӯз”, “Гулшани дилҳо”, “Гаҳвораи заррин” ва “Боғи сабзи падар”-ро ба чоп расондааст.