Май 01, 2019 10:41 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар коҳиши таниш дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон

Вазирони дифои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар нишасти ахири хеш дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон бар зарурии коҳиши таниш дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Валерий Семерков, дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар поёни нишасти Шӯрои Вазирони ин созмон дар Бишкек, бар зарурати тақвияти тавони пойгоҳи низомии 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон барои муқобила бо таҳдидҳои ношӣ аз ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон таъкид кард.

Вай гуфтааст, ки Шӯрои Вазирони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар ин нишаст тарҳи вижаеро барои кӯмак ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тасвиб кардааст, ки маҷмӯае аз тадбирҳои тақвияти тавони размии пойгоҳи низомии 201- и артиши Русиро ҳам шомил мешавад.

Дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ таъкид кардааст, ки ба далели сиррӣ будани ин тадбирҳо наметавонад ҷузъиёти ин тарҳро расонаӣ кунад, аммо ин тарҳ дар баробари тақвияти тавони размӣ ва таслиҳотии пойгоҳи низомии 201-и артиши Русияи мустақар дар Тоҷикистон ва нерӯҳои марзбонии тоҷик, тадбирҳоеро барои муқобила бо таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ, қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҷинояткорони созмонёфтаи фаромиллӣ дар шимоли Афғонистон мушаххас кардааст.

Дар нишасти Бишкек вазирони дифои Арманистон, Белорус, Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат карданд.