Май 01, 2019 11:19 Asia/Dushanbe
  • Аммову агарҳои сохтусоз дар нерӯгоҳи барқи обии

Ин рӯзҳо гирифтани хабари дақиқ аз вазоратхонаҳои Тоҷикистон дар бораи идомаи сохти нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" амалан ғайримумкин шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки пурсишҳои зиёде дар мавриди сохтани сад, роҳандозии дубораи трубинаи нахуст ва баҳрабардоорӣ аз трубинаи дуввум ва замони поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар ин кишвар матраҳ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Ҳотам Расулӣ, иқтисоддони тоҷик мӯътақид аст бо таблиғи андешаи "Тарҳи миллии сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун" бояд мардуми Тоҷикистон аз раванди идомаи такмили сохти ин нерӯгоҳ мутталеъ шаванд.

Дар замони баҳрабардорӣ аз ин нерӯгоҳ дар моҳи ноябри соли 2018 расонаҳои хабарии давлатӣ дар Тоҷикистон ба таври 24-соатӣ дар бораи ин рӯйдоди муҳим ахбор ва гузориш пахш мекарданд.

Аммо бо эъмоли маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз моҳи марти соли ҷорӣ, таваққуфи фаъолияти агрегати нахустин ва тахлияи оби садди нерӯгоҳ, акнун гумонаҳои зиёде дар фазои маҷозӣ дар бораи ин тарҳи муҳими энергетикии кишвар мунташир мешавад.

  Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо тоҷикистониёни муқими Маскав гуфта буд, ки агрегати дуввуми нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар рӯзи 28-умин солгарди истиқлолияти кишвар дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

Таваққуфи фаъолияти нахустин агрегати нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бар таъмини барқ дар фасли сармо дар Тоҷикистон таъсир дошт ва акнун дар бештари манотиқи ин кишвар дар шабонарӯз танҳо 8 соат ба хонаҳои мардум барқ дода мешавад.