Май 03, 2019 18:32 Asia/Dushanbe
  • 43 зани тоҷикистонии муртабит бо ДИИШ дар зиндонҳои Ироқ

Мақомоти расмии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки ҳамакнун 43 зани шаҳрванди ин кишвар дар зиндонҳои Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба гузориши Дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ин матлаб дирӯз дар ҷараёни мулоқоти мақомоти ин вазорат бо намояндагоне аз кишвари Ироқ дар шаҳри Душанбе эълом шуд.

Афроди ёдшудаи тоҷикистонӣ ба иттиҳоми вобастагӣ ба гурӯҳи такфирии террористии ДИИШ дар Ироқ ба ҳабси абад ва муддатҳои тулонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Онон тайи солҳои 2014 то 2017 ҳамроҳи наздикон ва шавҳаронашон ба Ироқ рафта, ки аксари сарпарастонашон кушта ва ё нопадид шудаанд.

Рӯзи 30 апрели гузашта 84 нафар аз фарзандони занони тоҷикистонии маҳкум дар зиндонҳои Ироқ аз Бағдод ба Душанбе мунтақил шуданд.

Тибқи оморҳои расмӣ ҳудуди 1900 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷангҳои Ироқ ва Сурия рафтаанд, ки беш аз 500 нафари онҳо кушта ва ё нопадид шудаанд.

 

Барчасп